Бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қоҳира

26 июни соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи “Scout International”, ки дар шаҳри Қоҳира ҷойгир аст, ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш, аҳли адаб ва фарҳангу ҳунар, устодони донишгоҳҳои Миср ва шаҳрвандони муқими кишвари иқомат ширкат варзиданд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти тоҷикони Миср мизбонии ин чорабиниро ба уҳда доштанд.

Дар ҳамоиши мазкур кордори муваққати Сафорат Раҳим Алишерзода, устоди забони форсӣ-тоҷикии донишгоҳи Канали Суэси Миср ва мутахассиси дастхатҳои забони форсӣ-тоҷикӣ доктор Рифъат Ҳусейн ва ҳамчунин Раиси Ҷамъияти тоҷикони Миср Абдураҳмон Оқилзода ширкаткунандагонро ба муносибати ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дар бораи ҷойгоҳи таърихии Ваҳдати миллӣ дар ташккули давлатдории навини тоҷикон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноилшавии ба ин дастоварди муҳими кишвар ва ҳамчунин дар бораи  аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиши ҷашнӣ ба ҳозирин филмҳои мустанад, наворҳои тарғиботӣ дар бораи Ваҳдати миллӣ ва сурудҳои ватанпарворана намоиш дода шуданд.