Истиқбол дар фурудгоҳи миллии Мински Ҷумҳурии Беларус

27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

 Дар фурудгоҳи миллии Минск Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Беларус гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз бо талошҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар, сиёсати дурбинонаи хориҷии дарҳои бози Пешвои миллат, иродаи қавии сарони давлатҳо ва муколамаи сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду давлат сатҳу сифати нав касб кардааст.

Дар назар аст, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ оид ба баррасии маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои таъмиқи робитаҳои Тоҷикистону Беларус, баргузор гардад.