Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси

25.02.2020 19:04, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ роҳбари давлати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Хуснӣ Муборак боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Муҳаммад Хуснӣ Муборак, ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди Мисрро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори зиёд дошт.

Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср қадрдонӣ менамоем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва мардуми дӯсти Миср таъзияву тасаллии самимии ин ҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи пайвандону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».