Ифтитоҳи сардхонаи ҶДММ «Ситабр-Агро»-и ноҳияи Ҳисор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр-Агро»-и ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, ба фаъолияти сардхонаи он ифтитоҳ бахшид.

 Ҷамъияти дорои масъулиятимаҳдуди «Ситабр-Агро» дар ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор воқеъ буда, дорои 20 гектар замини обӣ мебошад. Дар ин ҷо кишоварзон асосан ба бунёди боғҳои интенсивӣ машғул мебошанд.

Соли 2014 Сарвари давлат ба роҳбарият ҷамъияти «Ситабр-Агро» дастур дода буд, ки барои аз талафёбӣ эмин нигоҳ доштан ва ба муҳлатҳои дуру дароз захира намудани мева дар шафати боғи худ сардхона бунёд намоянд. Инак ин супориши Роҳбари давлат то ҷашни 3000 – солагии Ҳисори шодмон иҷро карда шуд.

Тавре маълум шуд, дарозии сардхона 117 метр буда, паҳноияш 27 метрро дар бар мегирад, ки он имконияти захира намудани 3 ҳазор тонна меваву сабзавотро дорад. Сардхона бо технологияи истеҳсоли Олмон ба маблағи бештар аз 20 миллион доллари ИМА бунёд гардидааст, ки дар он имкони нигоҳ доштани маҳсулоти тару тоза ба муҳлати як сол вуҷуд дорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр-Агро» феълан дар майдони 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд намудааст, ки ниҳолҳои он аз Италия ворид карда шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҳар гектари боғҳои бунёдёфта аз 50 то 70 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, нақши чунин сардхонаҳоро дар фаровонии бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд. Барои дуруст истифода кардани технологияи воридшуда ва аз бар кардани тарзи захираи маҳсулот, хусусан мева дар сардхона якчанд мутахассисони ҷамъияти мазкур дар хориҷи мамлакат бо курсҳои махсуси бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Ин сардхона на танҳо маҳсулоти худи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр-Агро», балки имкони нигоҳдории маҳсулоти кишоварзии дигар деҳқонону хоҷагидорони ноҳияи Ҳисорро низ доро мебошад.

 

Асли мақола