Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуданд.

 Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистонро марзҳои муштарак, истифодаи умуми ҳавзаи дарёҳо ва инфрасохтори зарурии роҳу нақлиёт ба ҳам пайваста, барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо шароити мусоид ва имконятҳои фаровон муҳайё мебошад.

Ҳамкории ду давлати ҳамсоя дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии хатҳои барқи баланшиддати КАСА-1000 муҳим ва барои тамоми минтақа манфиатбор арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо барои беҳтар гардонидани сатҳи робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат дар заминаи ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар комиссияву зеркомиссияҳои танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии роҳҳои оҳан ва лулаҳои газ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкориҳои ҳамсоядавлатҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид.

Мавзуи дигари суҳбати пурмуҳтавои ҷонибҳо мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир буд.