Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт

Нимаи дуюми рӯзи 14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд.

 Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти ширкати “Ҷенерал Электрик” даъват ба амал оварданд, ки ба бахши гидроэнергетикаи кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар сармоягузорӣ ба ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мо фаъолона иштирок намоянд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, имкони рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳо, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ, таъмини таҷҳизоти гуногуни энергетикӣ ба соҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории Амрико, аз ҷумла ширкати бонуфузи “Ҷенерал Электрик” дар роҳи рушду густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судовар гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.