Мулоқот бо Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леон

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леонро ба ҳузур пазируфтанд.

 Чойгоҳи хоссаи рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида, сафари ҳайати соҳибкорону тоҷирони Амрико ба Тоҷикистон барои мубодилаи афкор атрофи ҳолати кунуниву дурнамои ҳамшарикии байни ду давлат дар арсаҳои тиҷорату иқтисод муҳим шуморида шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ зиёда аз 30 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ба имзо расида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари соҳибкорону сармоягузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон шароити мусоиду заруриро фароҳам овардааст.

Доир ба ҳамкории доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикиситону Америка дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармояи соҳибкорону тоҷирони ин давлат дар пешбурди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкори судманд баргузор шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.