Сабти ҳунари гулдӯзии чакан дар Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО

Аз 26 ноябр то 1 декабри 2018 дар пойтахти Ҷумҳурии Маврикий шаҳри Порт-Луӣ иҷлоси 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои узви созмони мазкур баргузор гардид.

 Ҳайати кишвари моро дар он иҷлос Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон ва муовини Директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи китоби «Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дилшод Раҳимӣ намояндагӣ намуданд.

Дар Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардидани ҳунари гулдӯзии чакан рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ буда, барои тарғиби мероси ғанӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги бостонии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар бинои баргузории иҷлос навъҳои гуногуни чакани тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд.