Муовини якуми вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Эфиопияро пазируфт

30 июли 2019 дар Душанбе Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гирма Темесген Баркесса нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.

 Дар он мулоқот дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону  Эфиопия дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.