Муовини якуми вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Австралияро пазируфт

30 июли 2019 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грейм Михан нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.

 Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Австралияро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австралия ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.