ПРЕСС-РЕЛИЗ

9-11 августи 2016 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” баргузор мегардад, ки он бо ибтикори муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) роҳандозӣ шудааст.

Дар ин ҷаласа намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд кард.

 Дар рафти Ҳамоиш масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд: 

  • афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ;
  • табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария;
  • баланд бардоштани самаранокии истифодаи об;
  • коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ;
  • ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ;
  • пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ;
  • рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа;
  • пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он.

 Ҳамоиш барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, ҳамчунин дар доираи даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, замина фароҳам хоҳад овард.

Маълумоти бештарро дар бораи Ҳамоиш аз сомонаи http://watersdg2016.org ва Котиботи Ҳамоиш метавон дарёфт намуд:

 

кӯчаи Шероз33, Душанбе 734001, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: (+992 37) 227 68 43

Fax: (+992 37) 221 02 59

Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

www.watersdg2016.org