Зиндагиномаи Сафир

Хусрав Нозирӣ  

 

- 19 апрели 1967 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

- 15 майи 2014 ба вазифаи Сафири Фавкулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср таъйин шудааст.

- 13 сентябри 2015 ба вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ таъйин шудааст.

- Соли 1991 Факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

- Августи 2013 - майи 2014 - сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Феврали 2013 - августи 2013 - сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Октябри 2009 - январи 2013 - мушовири  Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Ню-Йорк.

- Феврали 2008 - октябри 2009 - сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Январи 2007 - окябри 2009 - котиби якуми Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Августи 2001 - январи 2007 - котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Чин, Пекин.

- Июли 1998 - августи 2001 - котиби якуми Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Сентябри 1995 - июли 1998 - котиби дувуми Раёсати муносибатҳои ду- ва чандҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Апрели 1994 - сентябри 1995 - котиби севуми Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Ноябри 1993 - апрели 1994 - мутахассиси аршади Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе.

- Августи 1991 - ноябри 1993 - ходими хурди илмии Институти осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Ҳамзамон Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва Подшоҳии Марокаш мебошад.

- Забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро медонад.

- Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулъода ва Мухтори дараҷаи II дорад.

- Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.