Хабарҳои тозаи Сафорат

ҲНИТ ва ДОИШ:  исботи амалии як будани таълимот, фаъолият ва мақсади ин ду ташкилоти экстремистӣ

ДУШАНБЕ, 04.11.2017. Тавре ВАО хабар доданд, масъулияти амали террористиро, ки чанде пеш дар Ню-Йорки ИМА содир карда шуд, ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст!) ба зимма гирифт. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки  хатари ин созмони террористӣ ба амнияти ҷаҳон беш аз ҳама таҳдид мекунад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ҳамтои худ аз Ҷибутӣ

Субҳи 12 ноябри 2017 сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ дар дафтари кории худ дар Қоҳира сафири Ҷибутӣ дар Миср ва намояндаи доимии он кишвар дар Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ Муҳаммад Ҳарасиро ба ҳузур пазируфт. 

Иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи кишварҳои Осиё дар Қоҳира

11 ноябри 2017 дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира дар соҳили Нил Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи солонаи кишварҳои Осиё, ки онро Анҷумани ҳамсарони сафирони кишварҳои осиёӣ баргузор намуд, иштирок кард. Бозори хайрия дар ҳузури ҳамсари Вазири корҳои хориҷии Миср хонум Сузӣ Шукрӣ расман ифтитоҳ гардид.

Баргузории мусобиқаи футбол дар Қоҳира ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон  

10 ноябри 2017 дар Қоҳира бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср мусобиқаи футбол сурат гирифт, ки онро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср

С. Р. Мирзозода: «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бидуни шак,  дар кӯшиши табаддулот даст дошт»

(Суҳбати ихтисосии хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷумҳурият» бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С. Р. Мирзозода)

 Дар ҷаҳони муосир падидаи нангини экстремизм ва терроризм ба рушди инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.

Расонаҳои мисрӣ дар бораи Форуми ҳамкории иқтисодии арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон (Душанбе, 16 октябри 2017)

Иҷлоси дувуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар Душанбе 16 октябри 2017 таҳти шиори “Ҳамкорӣ дар соҳаи рушд ва сармоягузорӣ” баргузор гардид, дар расонаҳои мисрӣ бозтоби густурда ёфт.

ТО ТАБАДДУЛОТ СЕ РӮЗ МОНДА БУД. Мусоҳибаи Шарифи Ҳамдампур бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд

ДУШАНБЕ, 29.09.2017. /АМИТ “Ховар”/.Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти  террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани инқарор зери шубҳа гузошта мешавад.

Паёми таслияти Сафорати Тоҷикистон дар Миср ба Пешвои миллат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо ғаму андӯҳи фаровон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даргузашти нобаҳангоми бародари арҷмандашонро таслияту таъзият арз карда, аз даргоҳи Худованди субҳон барои шодравон раҳмату ғуфрони илоҳӣ ва барои аҳли хонадону бозмондагони марҳум сабру аҷр масъалат менамояд.

Дидори Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат ва саноати Миср

12 сентябри 2017 дар Қоҳира Вазири тиҷорат ва саноати Миср Ториқ Қобил Сафири кишвари мо дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Мавзӯи аслии суҳбатро иштироки ҳайати мисрӣ дар Форуми дувуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил дод.

Бузургдошти Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар Қоҳира

10 сентябри 2017 дар яке аз меҳмонхонаҳои соҳили рӯди Нил дар Қоҳира ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид. Дар он маросим Ноиби Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Арабии Миср Ас-Сайид Аш-Шариф, Муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Ёсир Мурод, ҷамъе аз сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, расонаҳо, аҳли илму фарҳанг ва бозаргонони кишвар ва гурӯҳе аз шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.