Дидори сафири Тоҷикистон бо раиси Китобхонаи миллии Миср

4 январи 2018 сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо раиси Шӯрои мудирони Китобхона ва бойгонии миллии Миср Аҳмад Шавкӣ дидору гуфтугӯ намуд. Масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани ҳамкорӣ байни китобхонаҳову марказҳои дастхатҳои ду кишвар меҳвари асосии он мулоқотро ташкил доданд.

Дар ин замина Аҳмад Шавкӣ пешниҳод намуд, ки байни Китобхона ва бойгонии миллии Миср ва ниҳодҳои ҳамтои он дар Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо  расад.

 Шоистаи зикр аст, ки Китобхонаи миллии Миср бо фармони Хидев Исмоил 23 марти 1870 ба манзури ҳифзи дастхатҳои арабӣ ва шарқӣ таъсис ёфта буд. Ҳоло дар Китобхонаи мазкур беш аз 57 ҳазор дастхати гаронбаҳо нигаҳдорӣ мешавад. Дар он Китобхона ганҷинаи дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи вежа дорад, ки теъдоди он тақрибан ба 10 ҳазор дастхат мерасад. Аз ҷумла 71 дастхати нодири форсӣ-тоҷикии мусаввар, ки таърихи китобат ва тасвири онҳо қарнҳои XIV ва XIX мелодиро фаро мегирад.