Дидори сафири Тоҷикистон бо Раиси Додгоҳи олии Қонуни асосии Миср

12 августи 2018 Раиси Додгоҳи олии Қонуни асосии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳанафӣ Алӣ Ҷиболӣ сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Дар дидори мазкур пиромуни масъалаҳои барқарорӣ ва густариши ҳамкорӣ байни Додгоҳи олии Қонуни асосии Миср ва ниҳоди ҳамтои он дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин замина Раиси Додгоҳи олии Қонуни асосии Миср таъкид намуд, ки ҷониби мисрӣ аз барқарор шудани чунин ҳамкорӣ бо кишвари мо ҷиҳати мубодилаи маълумот ва таҷрибаи додгоҳӣ истиқбол менамояд.

Додгоҳи олии Қонуни асосӣ мақоми олии додгоҳӣ дар Миср буда, вазифаи аслии он назорати созгории қонунҳо бо моддаҳои Қонуни асосии кишвар мебошад. Қобили зикр аст, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додгоҳи олии Қонуни асосии Ҷумҳурии Арабии Миср ният доранд, ки дар наздиктарин фурсат санади ҳамкорӣ дар соҳаи назорати қонуни асосӣ ва низоми додгоҳиро ба имзо расонанд.