Иштироки Раиси уламои Тоҷикистон дар Конфронси Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон дар Қоҳира

16-18 октябри 2018 дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ Чаҳорумин Конфронси  Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон таҳти унвони “Таҷдиди фатво байни назария ва татбиқ” баргузор гардид.

Дар он ҳамоиши байналмилалӣ, бино ба даъвати расмии Муфтии диёри Миср Шавқӣ Аллом, Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ иштирок намуда, раёсати яке аз иҷлосҳои Конфронсро ба уҳда дошт.

 Дар суханронии худ дар Конфронс Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо ишора ба хатари созмонҳои террористӣ, ба вежа Ихвонулмуслимин ва ҲНИ, ки аз ислом барои расидан ба ҳадафҳои шуми сиёсӣ истифода мебаранд, бар зарурати ҳамкории муфтиётҳои ҷаҳон ҷиҳати пешгирии сӯистифодаи дин барои ғаразҳои сиёсӣ таъкид намуд. Ӯ изҳори таассуф кард, ки бархе кишварҳои минтақа аз чунин созмонҳо, ки боиси нооромиву бесуботӣ дар кишварҳои дигар шудаанд, ҳимоят мекунанд.

 Дар ҳошияи сафари мазкур дар Маркази таҳқиқоти байналмилалии Қоҳира вохӯрии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо аъзои Ҷамъияти тоҷикони Миср баргузор гардид. Дар он мулоқот Саидмукаррам Абдулқодирзода таъкид намуд, ки кишвари мо дар остонаи боз як рӯйдоди муҳимми таърихӣ - оғози кори чархаи якуми пружаи бузурги аср - Нерӯгоҳи барқи обии Роғун қарор дорад. Ӯ афзуд, ки тамоми заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як ҳадаф - таъмини амну субот дар кишвар, шукуфоии бештари он ва беҳтар кардани зиндагии мардум мебошад. Дар поёни суханронӣ Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз аҳли толор даъват намуд, ки ҳангоми иқомат дар хориҷи кишвар зиракии сиёсиро аз даст надода, аз пайвастани ҷавонон ба сафи созмонҳову гурӯҳҳои ифротию террористӣ пешгирӣ кунанд.