Гӯшаи Тоҷикистон дар Бозори хайрияи кишварҳои Осиё дар Қоҳира

17 ноябри 2018 дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира дар лаби рӯди Нил Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи солонаи кишварҳои Осиё, ки онро Анҷумани ҳамсарони сафирони кишварҳои осиёӣ баргузор намуд, иштирок кард. Бозори хайрия дар ҳузури ҳамсари Раиси Девони вазирони Миср хонум Имон Салоҳ расман ифтитоҳ гардид.

Гӯшаи Тоҷикистонро, ки мавриди истиқболи меҳмонони сершумори мисрӣ ва хориҷӣ қарор гирифт, намунаҳои фаровардаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, гилкорӣ, зеваролоти сангӣ ва ғайра оро доданд. Дар бозори хайрия 23 кишвари осиёӣ ширкат намуда, даромади бозор ба ҳадафҳои хайрия сарф хоҳад шуд.

Фаъолияти гӯшаи Тоҷикистон дар Бозори солонаи хайрияи Осиё тавассути расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ бозтоб гардид.