Баррасии имкониятҳои гардишгарии Тоҷикистон дар Қоҳира

28 ноябри 2018 дар Қоҳира ҳамоише таҳти унвони “Гардишгарӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкорӣ бо Миср” баргузор гардид, ки онро Сафорати кишвари мо дар Қоҳира дар ҳамкорӣ бо Конуни мисрии пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии “Ҳивор” дар чаҳорчӯби Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон танзим намуд.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати гардишгарӣ, Вазорати сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, бунгоҳҳову ширкатҳои гардишгарӣ, доираҳои илмиву пажӯҳишӣ ва расонаҳои Миср ширкат карданд.

 Дар ҳамоиш сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ роҷеъ ба мавзӯъ суханронӣ намуда, барои ширкаткунандагони он дар бораи имкониятҳои соҳаи гардишгарӣ дар кишвари мо, ки дар солҳои охир ба шарофати сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ба арсаи умедбахши иқтисоди кишвар табдил ёфтааст, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар ин росто таъкид шуд, ки шумораи гардишгарони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон барои дидани табиати зебо ва осори нодири таърихӣ меоянд, пайваста рӯ ба афзоиш буда, шароити истиқболи меҳмонони хориҷӣ дар кишвар сол ба сол беҳтар мегардад.

 Ҳамоиш бо баррасӣ ва муҳокимаи дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Миср дар соҳаи гардишгарӣ, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи фаровони Миср дар ин замина, ба поён расид.