Сафорати Тоҷикистон – мизбони ҳамоиши сафирони Гурӯҳи Осиё дар Қоҳира

18 декабри 2018 дар Қоҳира ҳамоиши моҳонаи сафирони Гурӯҳи Осиё баргузор гардид, ки онро сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ мизбонӣ намуд.

 Гурӯҳи мазкур аз 26 сафири кишварҳои Осиё ва Уқёнусия иборат буда, сафири Чин дар Миср дуайени он мебошад. Дар ҳамоиши сафирон д-р Иброҳим Ҳиҷозӣ, узви Маҷлиси намояндагони Миср ба сифати меҳмон иштирок ва дар бораи чолишҳо ва имкониятҳои соҳаи гардишгарӣ дар Миср суханронӣ кард.