Оғози парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Шармушшайх

Қарор аст, ки ибтидоан аз 29 декабри 2018 парвозҳои мустақими чартерӣ аз Душанбе ба Шармушшайх оғоз гарданд. Парвозҳои мазкурро, ки ҳомили гардишгарони тоҷик хоҳад буд, ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр” анҷом медиҳад.

Парвозҳои мустақими чартерӣ байни Душанбе ва Шармушшайх ҳафтае як бор сурат хоҳанд гирифт.