Муаррифии китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар телевизиони Миср

25 декабри 2018 дар барномаи “Ин бомдод”-и шабакаи телевизионии CBC Extra News китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки қаблан дар Қоҳира ба забони арабӣ дар чаҳор ҷилд чоп шуда буд, муаррифӣ гардид. CBC Extra News шабакаи хусусии моҳворавӣ буда, яке аз сербинандатарин шабакаҳои телевизионии Миср ба шумор меравад.

  Муаррифии “Тоҷикон дар оинаи таърих” аснои мусоҳибаи зиндаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо муҷрии барномаи мазкур Асмо Мустафо сурат гирифт. Гузашта аз ин, дар он мусоҳиба сафир ба пурсишҳои муҷрии барнома дар бораи сатҳ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср, ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар, ҳамкории муштарак дар соҳаи мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш ва парвариш, тартиби гирифтани раводиди тоҷикӣ ва оғози парвозҳои мустақими чартерӣ аз Душанбе ба Шармушшайх посух дод. 

Пеш аз мусоҳиба филми таблиғӣ дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, гӯяндаи арабии филм ба таври фишурда дар бораи таърихи Тоҷикистон, истиқлоли кишвар, нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва сатҳи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Миср маълумот дод.

 Дар зер пайванди интернетии мусоҳибаи мазкур омадааст:

https://www.youtube.com/watch?v=1jeF8iFcyaA