Дидори сафири Тоҷикистон бо устондори Ҷануби Сино

31 декабри 2018 дар Шармушшайх устондори Ҷануби Сино сарлашкар Холид Фуда дар дафтари кории худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба муносибати анҷом ёфтани нахустин парвози мустақими чартерӣ аз Душанбе ба Шармушшайх ба ҳузур пазируфт.

Дар он мулоқот инчунин муовини устондор сарлашкар Абдулфаттоҳ Ҳилмӣ, узви Маҷлиси намояндагони Миср аз Шармушшайх Атийя Мӯсо ва раиси Шӯрои шаҳри Шармушшайх сарлашкар Маҳмуд ас-Сулия иштирок доштанд.

Чунон ки маълум аст, 29 декабри 2018 ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нахустин парвози мустақими чартериро аз Душанбе ба Шармушшайх анҷом дод. Бо ин ҳавопаймо аз пойтахти Тоҷикистон ба осоишгоҳи соҳилии Миср аввалин гурӯҳи гардишгарони тоҷик омад. Қарор аст, ки парвозҳои мустақими чартерӣ дар хатти сайри мазкур аз ин ба пас ҳафтае як бор сурат гиранд.

Устондори Ҷануби Сино бо истиқбол аз нахустин парвози мустақими чартерӣ аз Душанбе ба Шармушшайх, изҳори умедворӣ намуд, ки он парвозҳо идома ёфта, дар ояндаи наздик теъдоди онҳо афзояд. Дар мулоқот инчунин мавзӯи барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ байни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва устони Ҷануби Синои Миср баррасӣ шуда, пешниҳод гардид, ки дар ин росто Созишномаи бародарӣ ва дӯстӣ байни Хатлони Тоҷикистон ва Ҷануби Синои Миср дар наздиктарин фурсат ба имзо расад. Ёдовар бояд шуд, ки бори нахуст масъалаи барқарор намудани муносибатҳои бародарӣ байни устони Ҷануби Сино ва яке аз вилоятҳои кишвари мо ҳангоми боздиди расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шармушшайх июли 2009 матраҳ шуда буд.

Дар поёни мулоқот мусоҳибаи телевизионии муштараки устондори Ҷануби Сино ва сафири Тоҷикистон бо шабакаи моҳворавии телевизионии CBC Extra News сурат гирифта, дар он мусоҳиба ҳар ду ҷониб ба аҳаммияти густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар соҳаи гардишгарӣ таъкид намуданд. Хабари анҷом ёфтани нахустин парвози мустақими чартерӣ ва омадани аввалин гурӯҳи гардишгарони тоҷик аз Душанбе ба Шармушшайх дар расонаҳои мисрӣ ба таври густурда бозтоб ёфт.