Дидори сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ

10 феврали 2019 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо Муовини Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ дар масъалаҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ Холид ал-Ҳаббос мулоқот намуда, ба ӯ даъватномаи расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба унвони Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ Аҳмад Абулғайтро барои иштирок дар Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё, ки 15 июни 2019 дар Душанбе баргузор хоҳад гардид, супорид.