Паёми табрикии Сафорат ба муносибати ҷашни Наврӯз

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира фаро расидани Наврӯзи оламафрӯзро ба ҳамаи шаҳрвандони кишвари мо, ки дар Миср ба сар мебаранд, самимона муборакбоду шодбош мегӯяд.

Сафорат орзуманд аст, ки Наврӯзи хуҷастапай ба диёри арҷманди мо дастовардҳои тоза ба армуғон оварда, зиндагии шаҳрвандони гиромии моро саршор аз беҳрӯзиву комравоӣ кунад.

Наврӯзатон пирӯз бод, 
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!