Омадани Наврӯзи фаррухфароз ба Мисри бостонӣ

20 марти 2019 дар пойтахти Миср ба муносибати ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз базми идона барпо гардид, ки мизбони он Сафорати Тоҷикистон буд. Дар он маҳфили наврӯзӣ шахсони расмӣ, аҳли адаб ва фарҳангу ҳунар, рӯзноманигорону соҳибкорони кишвари маҳалли иқомат, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ дар сухани шодбошӣ аҳли толорро ба муносибати фаро расидани Наврӯзи хуҷастпай табрик намуда, аз маншаъ, моҳият ва арзишҳои волои ҷашни мазкур, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон чун ҳазорон сол пеш “бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб”  таҷлил мегардад, ёд кард. Рамзҳои наврӯзӣ, аз қабили бисоти сабзаву суфраи «Ҳафт син», ки толори зиёфатро оро медоданд, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифтанд. Гузашта аз ин ба ҳар меҳмони ҷашн китобчаи мусаввар, ки аз фишурдаи мақолаи донишманди тоҷик Акбар Турсон “Фарҳанги Наврӯз ва ормонҳои СММ” ба забони англисӣ иборат буд, тақдим гардид.

Бузургдошти Наврӯзи бостонӣ дар Қоҳира бори дигар пайванди ҳамешагӣ ва ногусастании фарҳанги тоҷикон бо Наврӯзро ба ҷомеаи мисрӣ ва меҳмонони базм таъкид намуд. Наврӯз пирӯз!