Угрои тоҷикӣ дар китобчаи “Супҳои ҷаҳон”

Чанде пеш дар Қоҳира китобчае таҳти унвони “Soups from the world» (Супҳои ҷаҳон) ба табъ расид, ки онро Гурӯҳи ҳамсарони роҳбарони намояндагиҳои хориҷӣ дар Қоҳира таҳия намуд.

Китобча аз супҳои машҳури ҷаҳон, ки аз ҳамаи панҷ қораи ҷаҳон намояндагӣ мекунанд, ва инчунин дастури пухтани он супҳо, ҳикоят мекунад.

Саҳифаи алоҳидаи китобчаи мазкур ба угрои тоҷикӣ ва тарзи пухтани он ихтисос дорад.  Бояд гуфт, ки супҳои ҳамагӣ 41 кишвари ҷаҳон дар ин китобча ширкат карданд.