Намоишгоҳи аксҳо ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба

21 апрели 2019 дар Маркази фарҳангии Россия дар шаҳри Қоҳира Намоишгоҳи аксҳо ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Намоишгоҳи мазкур дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Россия ва Ӯзбекистон зери сарпарастии Маркази фарҳангии Россия дар шаҳри Қоҳира ташкил дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳо намояндагони корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг ва расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ҳузур дошта, Раиси Маркази фарҳангии Россия дар Қоҳира Алексей Теванян дар бораи аҳаммияти сарнавиштсози пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, саҳми арзандаи  фарзандони кишварҳои пасошӯравӣ дар таъмини он пирӯзии таърихӣ ва зарурати ҳалли тамоми низоъҳо бо роҳҳои осоишта ба манзури таъмини сулҳу амнияти байнамилалӣ дар ҷаҳон таъкид намуд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур дар бинои Консерваторияи шаҳри Қоҳира консерти тантанавӣ бо иштироки ансамбли “Sweet Sound Band” барпо гардида, дар он сурудҳои маъруфи ватанпарваронаи давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ садо доданд.