Табрикоти Миср ба Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлол

Дар остонаи ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи 8 сентбяри 2019 Дабири Дафтари Раёсати Ҷумҳурии Арабии Миср Аҳмад ал-Ансорӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира ташриф овард.

Аҳмад ал-Ансорӣ ба намояндагӣ аз Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба унвони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик арз намуда, ба кишвари мо ва мардуми он сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бештар орзу кард.

Кордори муваққати Сафорати Тоҷикистон дар Миср Раҳим Алишерзода бо арзи сипоси фаровон аз табрики мазкур, аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои байни ду кишвар изҳори хушнудӣ намуда, ба Миср ва мардуми он амну субот ва пешравиҳои назаррас тамано кард.