Бузургдошти Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар Қоҳира

9 сентябри 2019 дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Қоҳира ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати дипломатӣ барпо гардид. Дар он маросим намояндагони воломақоми вазорату идораҳои гуногуни кишвари маҳалли иқомат, сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, расонаҳо, аҳли илму фарҳанг, бозаргонони кишвар ва гурӯҳе аз шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.

Дар суханони шодбоши худ кордори муваққати Сафорати Тоҷикистон дар Миср Раҳим Алишерзода бо зикри дастовардҳои муҳимми кишвари мо дар 28 соли гузашта таъкид намуд, ки Рӯзи Истиқлол дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва такомули он дар роҳи сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дорад. Дар он суханронӣ инчунин таъкид шуд, ки дар солҳои охир, дар партави супоришҳои президентҳои Тоҷикистон ва Миср дар муносибатҳои ду кишвар пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд ва изҳори рағбати ҷонибҳо ҷиҳати гузаронидани иҷлоси дувуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ва машваратҳои сиёсии навбатӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Миср дар охири соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳира, далели ин гуфтаҳост.

Сипас барои меҳмонон навори кутоҳи видеоии ба кор супоридани агрегати дуюми иншооти бузурги миллат-НБО-и Роғун, ки 9 сентябри 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз ёфт, бо тантана ба намоиш гузошта шуд. Мақомҳои расмии Миср, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва меҳмонони дигар Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ва руйдоди таърихии ба кор супоридани агрегати дувуми НБО-и Роғунро ба роҳбарияти кишвар ва мардуми тоҷик шодбош гуфта, барои ҳусни меҳмоннавозӣ ва барномаи ҷолиби ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин, дар он ҷашнвора меҳмонон имкон доштанд, то аз гӯшаи фарҳангии Сафорат, ки бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ороста шуда буд, дидан намоянд. Аз ҷумла, сӯзаниҳою либосҳои миллӣ, китобу маводҳои сайёҳӣ ва маҷмӯаи расмҳои рассомони шинохтаи тоҷик Фаррух Неъматзода ба намоиш гузошта шуданд.

Гузашта аз ин, бузургдошти 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар васоити ахбори оммаи мисрӣ ба таври густурда бозтоб ёфт.