Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Роғун дар телевизиони Миср

20 сентябри 2019 гузориши барномаи “Ба ҳама забонҳо”-и шабакаи давлатии телевизионии “Нили фарҳангӣ” ба зиёфати расмии Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими ба кор даровардани агрегати дуюми “НБО”-и Роғун, ки 9 сентябри 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, бахшида шуд. Телевизионии “Нил” - шабакаи давлатии моҳворавӣ буда, яке аз сершумортарин шабакаи телевизионии Миср ба шумор меравад.

Дар барнома наворҳои табиати зебои Тоҷикистон, таҷлили Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира ва гузориши муфассал оид ба кор даровардани агрегати дуюми “НБО”-и Роғун ба намоиш гузошта шуда, муҷрии барнома ба таври фишурда дар бораи таърихи Тоҷикистон, истиқлоли кишвар, аҳамияти Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва сатҳи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Миср ба забони арабӣ маълумот дод. Гузашта аз ин, дар рафти барнома устоди донишгоҳи Канали Суэси Миср д-р Рифъат Сулаймон аз хидматҳои донишмандони забардасти тоҷик ёдовар гардида, шеъри устод Абуабдулло Рудакӣ - “Бӯи ҷӯйи мӯлиён”-ро барои тамошобини араб бо забони тоҷикӣ қироат намуд.

Дар зер пайванди интернетии мусоҳибаи мазкур омадааст: https://www.youtube.com/watch?v=eO1HsF1jFs4