Дидори Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири гардишгарии Миср

1 октябри 2019 дар Қоҳира Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Вазири гардишгарии Ҷумҳурии Арабии Миср Рониё ал-Машшот дидор ва гуфтугӯ намуд. Дар он мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи гардишгарӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин замина мусоҳибон бар аҳаммияти барқарор намудани робитаҳои мустақим байни ниҳодҳои расмӣ ва ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон ва Миср таъкид намуданд.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки қарор аст дар Қоҳира оғоз ёбад, баргузор шуд.