Дидори Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии Миср

3 октябри 2019 дар Қоҳира Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср Саҳар Наср дидор ва гуфтугӯ намуд. Дар он мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба иҷлоси дувуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Миср баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки дар Қоҳира оғоз ёфт, баргузор гардид.