Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Миср

3 октябри 2019 дар Қоҳира даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср зери роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ҳонӣ Салим баргузор гардид.

Ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср дар заминаҳои гуногун ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карданд. Дар ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.