Иштироки Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бузургдошти тиллоии Додгоҳи олии қонуни асосии Миср

18-22 октябри 2019 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода дар Бузургдошти тиллоии Додгоҳи олии қонуни асосии Миср, ки зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

 Дар баромади худ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи таърих ва нақши Конститутсияи кишварамон, фаъолият ва аҳаммияти Суди конститутсионӣ дар таъмини адолат ва волоияти Конститутсия суханронӣ намуд. Дар рафти чорабинӣ А. Ашурзода бо судяҳои конститутсионии кишварҳои хориҷӣ дар масъалаҳои мубрами мурофиаи суди конститутсионӣ, раванди доимии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ дар замони муосир, ҳамкории судҳои конститутсионӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуд.

Гузашта аз ин, 21 октябри 2019 дар рафти он сафари корӣ, ҳайати Тоҷикистон бо Раиси Додгоҳи олии қонуни асосии Миср Саид Маръӣ Амр вохӯрӣ намуд. Дар он мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти конститутсионии ду кишвар табодули назар намуда, изҳори мувофиқат карданд, ки ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷониба дар ояндаи наздик санади ҳамкорӣ дар соҳаи назорати қонуни асосӣ ва низоми додгоҳӣ байни ниҳодҳои конститутсионии Тоҷикистон ва Миср ба имзо расонанд.