Бузургдошти Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Қоҳира

16 ноябри 2019 дар яке аз варзишгоҳҳои шаҳри бостонии Қоҳира ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ ва мусобиқаи варзишӣ бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср баргузор гардид. Мизбонии ҳамоиши ҷашниро Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти тоҷикони Миср ба ӯҳда доштанд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ, ки бо қироати суруди миллии кишвар аз ҷониби гӯруҳи шаҳрвандони хурдсоли тоҷик оғоз ёфт, дипломати Сафорат ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдодҳои таърихӣ табрик намуда, роҷеъ ба нақши асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди давлатдорӣ ва саҳму талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таҳкими ҳукумати кишвари ҷавону соҳибистиқлоламон, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун суханронӣ намуд. Илова ба ин, барои иштирокчиёни ин ҳамоиш китобча бо дарҷи маълумоти мухтасар оид ба Қонуни асосии кишвар ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид.

Пас аз поёни маросими ифтитоҳи ҳамоиши ҷашнӣ мусобиқаи футбол ва волейбол сурат гирифт. Ба ғолибони мусобиқа ва шаҳрвандони хурдсоли тоҷик, ки суруди миллии Тоҷикистонро қироат намуданд, ҷоизаҳои хотиравӣ тақдим гардид.