Ворид гаштани 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО

12-28 ноябри 2019 дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО, ки онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн хоҳанд гирифт, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм бо иттифоқи оро пазируфта шуд. Ҳамин тариқ ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ба Руйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2020-2021 ворид гардид.

Шоистаи зикр аст, ки маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм 12 сентябри соли 2020  таҷлил хоҳад шуд.

Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои  таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд,  ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад”.

Бояд қайд намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

Саразм - шаҳраки қадимӣ дар шимолу ғарби Тоҷикистон, дар 15 км аз шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, яке аз қадимтарин тамаддуни фарҳанги ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Шаҳрак дар тӯли ҳазорон сол босуръат рушд карда, охири давраи энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ қуллаи баландарини рушди он макон ба шумор меравад.

Маълумоти бештар дар бораи Саразм.