Эълон

Эълон

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Арабии Миср иқомат мекунанд, мерасонад, ки рӯзи якшанбе, 1 марти соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар бинои Сафорат воқеъ дар шаҳри Қоҳира, маҳаллаи Диҷла ал-Маодӣ, кӯчаи 251, виллаи 15 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Ба ин муносибат, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, эҳтиромона даъват ба амал меояд, ки дар интихоботи мазкур иштирок кунанд.

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср

 Тел.: (202) 25199665; (202) 25214120

Факс: (202) 25214121

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.