Боздиди дипломатҳои тоҷик аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира

17 феврали 2016 гурӯҳи дипломатҳои тоҷик аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира боздид намуд. Гурӯҳи мазкур дар давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии дипломатӣ, ки Маркази мутолиоти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср феврали соли ҷорӣ танзим карда буд, ширкат намуд.