Иштироки Тоҷикистон дар Анҷумани ҷаҳонии нирӯи барқи обӣ

9-11 майи 2017 дар пойтахти Эфиопия Аддис-Абеба Шашумин Анҷумани ҷаҳонии нирӯи барқи обӣ баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро сафири кишвари мо дар Миср Хусрав Нозирӣ намояндагӣ намуд. 

 Дар ҳамоиши мазкури сатҳи баланд раванди рушду тавсиаи соҳаи нирӯи барқи обӣ дар даҳсолаи оянда, ки ҳадаф аз он таъмини низоми қобили эътимоди обу барқ барои ҳама мебошад, баррасӣ шуд. Дар Анҷумани ҷаҳонӣ таъкид гардид, ки нирӯи барқи обӣ дар расидан ба Ҳадафҳои рушди пойдори СММ ва ҳадафҳои дигари байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба тағйироти иқлим саҳми бузург гузошт.