Баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эфиопия

11 майи 2017 дар Аддис-Абеба Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Хусрав Нозирӣ нусхаи эътиборномаи худро ба Мудири кулли Идораи ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии он кишвар Эсаяс Сейфу супорид.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти сафири кишвари мо бо Мудири кулли Идораи Аврупои Вазорати корҳои хориҷии Эфиопия Тесфайе Йилма баргузор гардид, ки дар ҷараёни он дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин бор аст, ки Тоҷикистон сафири ғайримуқими худро дар он кишвари африкоӣ таъйин мекунад.