Бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қоҳира

29 июни 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира ба муносибати 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дипломатҳои Сафорат солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ширкаткунандагони маҳфил табрик гуфта, аҳаммияти сарнавиштсози ин рӯзро дар таърихи навини халқи тоҷик таъкид карданд. 

Пас аз ин ширкаткунандагони ҳамоиш паёми телевизионии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-умин солгарди Ваҳдати миллиро тамошо карданд.