Бузургдошти Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар Қоҳира

10 сентябри 2017 дар яке аз меҳмонхонаҳои соҳили рӯди Нил дар Қоҳира ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид. Дар он маросим Ноиби Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Арабии Миср Ас-Сайид Аш-Шариф, Муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Ёсир Мурод, ҷамъе аз сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, расонаҳо, аҳли илму фарҳанг ва бозаргонони кишвар ва гурӯҳе аз шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.

Дар суханони шодбоши худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бо зикри дастовардҳои муҳимми кишвари мо дар 26 соли гузашта таъкид намуд, ки Рӯзи Истиқлол дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва такомули он дар роҳи сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дорад.

Меҳмонони зиёфати расмӣ имкон доштанд, ки бо маҷмӯаи расмҳои рассоми шинохтаи тоҷик Фаррух Неъматзода, инчунин намунаҳои сӯзаниҳои тоҷикӣ ва нақшу нигори дигари миллӣ шинос шаванд.