Дидори Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат ва саноати Миср

12 сентябри 2017 дар Қоҳира Вазири тиҷорат ва саноати Миср Ториқ Қобил Сафири кишвари мо дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Мавзӯи аслии суҳбатро иштироки ҳайати мисрӣ дар Форуми дувуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил дод.

Қарор аст, ки Форуми мазкур дар Душанбе 16 октябри 2017 таҳти шиори “Ҳамкорӣ дар соҳаи рушд ва сармоягузорӣ” бо иштироки Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ ва вазирони корҳои хориҷӣ ва тиҷорату иқтисоди кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардад.