Паёми таслияти Сафорати Тоҷикистон дар Миср ба Пешвои миллат

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо ғаму андӯҳи фаровон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даргузашти нобаҳангоми бародари арҷмандашонро таслияту таъзият арз карда, аз даргоҳи Худованди субҳон барои шодравон раҳмату ғуфрони илоҳӣ ва барои аҳли хонадону бозмондагони марҳум сабру аҷр масъалат менамояд.