Тартиби омадурафти бе раводид

Дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи баимзорасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, тартиби омадурафти бе раводид бо шиносномаҳои муқарраршуда, нисбати кишварҳои зерин амал мекунад:

1. Афғонистон- бо шиносномаҳои дипломатӣ ба муддати - то 30 рӯз

2. Арманистон - бо ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ

3. Озарбойҷон - бо ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ - то 90 рӯз

4. Беларус - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ

5. Гурҷистон - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ

6. Қазоқистон - бо ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ

7. Қирғизистон – бо ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ

8. Молдова - бо ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ

9. Федератсияи Россия - бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ, ҳамчунин, бо шиносномаи дохилӣ ва шаҳодатномаи таваллуд (бо доштани мӯҳри тасдиқи шаҳрвандӣ)

10. Кореяи Шимолӣ - бо шиносномаҳои хидматӣ ва дипломатӣ

11. Кореяи Ҷанубӣ - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ - то 90 рӯз

12. Хитой - шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ инчунин бо шиносномаҳои таъиноти хизматӣ (бо мӯҳри «Хидматӣ») - то 30 рӯз

13. Бруней Доруссалом - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ - то 14 рӯз

14. Венгрия - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ - то 90 рӯз

15. Руминия - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ - то 90 рӯз

16. Покистон – бо шиносномаҳои дипломатӣ – то 90 рӯз

17. Ҳиндустон - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ - то 30 рӯз

18. Эрон - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ- то 30 рӯз

19. Туркманистон - бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ - то 30 рӯз

20. Украина - бо ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ - то 90 рӯз

21. Узбекистон - бо шиносномаҳои дипломатӣ - то 30 рӯз