Тартиби дархости раводиди Тоҷикистон

Шӯъбаи консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳангоми баррасии дархости шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипи  „in dubio pro libertate“ амал намояд.  Ҳамзамон интизор меравад, ки варақаҳои (анкетаҳои) лозимӣ ба таври возеҳ ва бо нишон додани маълумоти дархостшаванда хонапурӣ гарданд. Барои дарёфт кардани раводиди Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

1. Анкета барои дарёфти раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва як адад расми 3 х 4;

2.  Нусхаи саҳифаи аввали шиносномаи хориҷӣ;

3. Тасдиқномаи бонкӣ оид ба пардохти боҷи консулӣ;

4. Як дона лифофа бо маркаҳои почтавӣ ва бо нишон додани суроғаи худ. 

Пардохти боҷи консулӣ дар суратҳисоби зерин анҷом меёбад:

 

BANK NAME:               CIB   (The Commercial International Bank)

ACCOUNT NAME:         TAJIKISTAN EMBASSY

ACCOUNT NUMBER:    1000 – 2763 - 0841