Таъйиди санадҳо

Аз 31 октябри соли 2015 нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, эътибор пайдо намуд.

Тибқи талаботи моддаи 2-и Конвенсия, ҳуҷҷате, ки дар қаламрави кишвари аъзо апостилгузорӣ шудааст, бояд бе мамониат ва талаб намудани таъйиди иловагӣ дар дигар кишвари аъзо қабул карда шавад.

ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БА ОНҲО АПОСТИЛ ГУЗОШТА МЕШАВАД

Ба ҳуҷҷатҳои расмие апостил гузошта мешавад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, дар қаламрави давлати дигари иштирокдори Конвенсия мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар ҳуҷҷатҳои зеррин апостил гузошта мешавад:

-диплом;

 -аттестат;

-маълумотномаҳои мактабҳои миёна ва олӣ;

- маълумотномаи доғи судӣ;

- ҳуҷҷатҳои расмии содираи нотариусҳои давлатӣ;

- ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷро;

- ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти прокуратура.

Апостил дар ҳуҷҷатҳои зерин гузошта намешавад:

а) ҳуҷҷатҳои имзонамудаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) ҳуҷҷатҳое, ки ба амалиёти тиҷоратӣ ё гумрукӣ муносибати бевосита доранд;

в) дар ҳуҷҷатҳое, ки набояд ба хориҷа бароварда ё интиқол дода шаванд (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи муайянкунандаи шахсӣ, шиноснома).

г) ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

Талабот нисбати ҳуҷҷатҳое, ки барои апостилгузорӣ пешниҳод карда мешаванд:
Барои гузоштани апостил бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

- ариза дар бораи гузоштани апостил. (Ариза дар бораи гузоштани апостил метавонад бо ваколатнома пешниҳод гардад)
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (нишон дода мешавад);
- ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешбинишуда;
- нусхаи гувоҳиномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ-барои аризадиҳандагони шахси ҳуқуқӣ;  
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣӣ. 

Талабот нисбати ҳуҷҷатҳои аз тарафи дархосткунандагон пешниҳодшаванда:

- ариза дар бораи гузоштани апостил дар як нусхаи асл пешниҳод карда мешавад;
- ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешбинишуда дар ду нусха – ҳуҷҷати асл ва нусхаи он пешниҳод карда мешавад;
- матни ҳуҷҷати барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда, имзои шахси мансабдор ва нақши муҳр бояд возеҳ бошанд;
- агар матн дорои ислоҳ ва (ё) навиштаҷоти иловагӣ бошад, онҳо бояд аз ҷониби шахси имзонамудаи ҳуҷҷат эзоҳ дода шаванд.

 Навиштаҷот ва (ё) ислоҳи зикргардида бояд тавре ифода шуда бошанд, ки ҳамаи калимаҳои хато навишташуда ва сипас ислоҳгардида ва хат кашидашударо дар шакли аввала хондан мумкин бошад.

 

МУҲЛАТ ВА ҲАҚҚИ ХИЗМАТРАСОНӢ БАРОИ АПОСТИЛГУЗОРӢ

Муҳлати апостилгузорӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар давоми 5 рӯз ва бо тартиби фаврӣ дар давоми 1-3 рӯзи корӣ амалӣ карда мешаванд.     

Дар ҳолати ба миён омадани шубҳа нисбати ҳақиқӣ будани имзо, мӯҳр ё штамп, мақоми ваколатдори апостилгузорӣ ҳуқуқ дорад, ки санҷиши иловагии ҳуҷҷатро то 30 рӯзи корӣ ба амал барорад.

Хироҷи консулӣ барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил:

Барои шахсони воқеӣ- 5$;

Барои шахсони ҳуқуқӣ -10$.