Сабти консулии шаҳрвандон

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан ва ё барои доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Арабии Миср кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, тавсия дода мешавад, ки худро дар Шӯъбаи консулии Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба қайд гиранд. Қайди консулӣ мутобиқи моддаи 29-уми «Қонун дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.